ФАЪОЛИЯТИ СУДҲО ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛ
Душанбе, 16 10 июл. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- « Суди олии ҷумҳурӣ дар нимсолаи авали соли ҷори 145 маводро оид ба қонунвайронкунӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод. Аз ин нисбати 131 мавод қарорҳои дахлдор қабул намуда, ба маблағи 374 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар намуданд»,- қайд кард раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев дар нишасти матбуотие, ки 10 июл дар Душанбе шуда гузашт. Инчунин қайд карда шуд, ки дар нимсолаи мазкур дар коллегияҳои Суди Олӣ 177 парвандаҳои ҷиноӣ нисбат ба 224 ашхос ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз онҳо 109 қарорҳои судӣ нисбати 133 ашхос бетағйир мононда шуда, 18 ҳукм нисбати 28 нафар бо сабаби тағйир ёфтани банду басти кирдорашон тағйир дода шуда, 50 қарорҳои судӣ нисбати 63 ашхос бинобар ба таври ҷиддӣ вайрон намудани меъёрҳои қонуни мурофиавии ҷиноӣ ва таъин намудани ҷазоҳои аз ҷиҳати сабукӣ ошкор бекор карда шуданд. Дар коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ бошад, ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ 244 санадҳои гуногуни судӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки аз онҳо 148 қарорҳои қабулнамудаи судҳои ҷумҳурӣ бетағйир, 127 адад бинобар сабаби ба таври ҷиддӣ вайрон намудани талаботҳои меъёрҳои материалӣ ва мурофиавӣ бекор, 3 қарори судӣ тағйир дода шуданд. Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ, дар марҳилаҳои гуногуни судӣ дар маҷмӯъ 473 парвандаҳои гражданӣ, ҷиноӣ ва маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки нисбати ҳар кадоме аз онҳо қарорҳои дахлдори қонунӣ ва асоснок қабул гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






