ФАЪОЛИЯТИ ЯКЕ АЗ ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ҚАТЪ КАРДА ШУД

Июль 20, 2009 11:41

                Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- «Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Вазорати адлияи ҷумҳурӣ фаъолияти се ташкилоти байналмилалиро мавриди санҷиш қарор дод. Яке аз ин ташкилотҳо аз доираи оинномаи худ берун баромада, фаъолияти он ба талаботҳои қонуни ҷумҳурӣ ҷавобгу набуда ва бинобар ин фаъолияти он қатъ карда шуд», — қайд кард вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров дар нишасти матбуотие, ки 20 июл дар Душанбе шуда гузашт.                Инчунин, дар нимсолаи аввали соли 2009 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1200 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқи, 617 ҳуҷҷатҳои хусусиятҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дошта, хулосаи ҳуқуқӣ дода, 63 санадҳои меъёрии ҳуқуқии идоравиро ба қайд гирифт ва бақайдгирии 34 санади меъёрии ҳуқуқиро рад намуд. Вазорати адлия ва раёсатҳои он дар вилоятҳо дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар ташкилоту корхонаҳо вобаста ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйироту иловаҳои воридшуда ба онҳо 762 вохӯрӣ гузаронида, дар воситаҳои ахбори умум 125 баромад намуданд.                Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадихӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба 25 нафар ҳуқуқшиносон иҷозатнома барои фаъолияти адвокати ваколатдор дода шуда, ба 8 нафар ҳуқуқшиносон додани иҷозатномаи фаъолияти адвокати ваколатдор рад карда шуд.                Идораҳои нотариалии давлатӣ дар тӯли 6 моҳи аввали соли 2009 ба миқдори 212 816 адад амалиёти нотариалиро ба расмият дароварданд.                Барои амалиётҳои нотариалии ба ҷо овардашуда аз тарафи нотариусони давлатӣ ба маблағи 7 362 952 сомонӣ боҷи давлатӣ ситонида шудааст.                Аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботи 186714 санад ба қайд гирифта шудааст:                Умуман дар 6 моҳаи соли 2009 аз фаъолияти мақомоти адлия ба буҷаи давлат 8 994 934 сомонӣ боҷи давлатӣ ворид гардид.

Июль 20, 2009 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд