ФАРМОНДЕҲИ НАВИ ПОЙГОҲИ НИЗОМИИ РУСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Бо фармони Президенти Федератсияи Русия полковник Игор Красин фармондеҳи нави Пойгоҳи низомии 201- уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон таъин карда шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Игор Красин имрӯз ба иҷрои вазифаҳояш шурӯъ намуд. Игор Красин 17 ноябри соли 1966 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Ӯ соли 1987 Омӯзишгоҳи умумии ҳарбии ордени Байрақи сурхдори шаҳри Тошканд, соли 2000 Академияи ҳарбии ба номи М.Фрунзе ва соли 2009 Академияи ҳарбии Ситоди кулли Вазорати мудофиаи Федератсияи Русияро хатм намудааст. Мавсуф иштирокчии амалиёти ҳарбии Чеченистон мебошад. Вай бо ордени «Ҷасорат» мукофотонида шудааст. Фармондеҳи пештараи пойгоҳи низомии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон генерал — майор Алексей Завизон барои таҳсил ба Академияи ҳарбии Ситоди кулли Вазорати мудофиаи Русия фиристода шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






