ФИЛМ ДАР БОРАИ К. ХУҶАНДӢ РӮИ НАВОР МЕОЯД

Июль 15, 2009 15:52

                       Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар он раиси кумита Асадулло Раҳмонов оид ба натиҷаҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ маълумот дода, зикр кард, ки дар ин давра дар асоси созишномаи миёни кумита ва Пули байнидавлатии иттилоотӣ гузоришҳое, ки аз мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳия шудаанд, аз ҷониби хабарнигорони иттилоотӣ бо шакли нав тавассути телевизионҳои марказӣ пахш шуданд.                      А. Раҳмонов қайд намуд, ки дар шаш моҳи авали соли ҷорӣ ҶСК «Телерадиоком» бо мақсади ташкил намудани шабакаи дохиливилоятии телевизионии барномаҳои ТВ «Суғд» ва беҳтар намудани сифати пахши барномаҳои радио ва телевизионҳои давлатӣ 41 адад фиристандаи телевизионӣ насб кард.                      Ӯ илова кард, ки филми мустанади «Истеъдод» аз ҷониби гурӯҳи эҷодии филмҳои ҳуҷҷатӣ ва дубляжи филмҳои киностудияи «Тоҷикфилм» таҳия гардида ҳикоятгари нахустин дастовардҳои ихтироъкорони ҷавони Тоҷикистон мебошад, ки дар бисёр фестивалҳои байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд.                       Киностудия айни ҳол ба таҷдид ва таҳияи қисмати охири филми ҳунарии «Пайроҳаи тақдир», ки аз рӯзгору фаъолияти эҷодии шоири шаҳир Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ҳикоят мекунад шурӯъ кард. Дар ин хусус бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ки дар таҳияву таҷдиди филм ташаббускор аст, ҳамкорӣ идома дорад ва дар нимсолаи дуюм филм рӯи навор меояд.

Июль 15, 2009 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд