ФУТБОЛ ДАР РАШТ

Июль 15, 2009 10:41

               Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии Олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Нуробод мусобиқаи минтақавӣ оид ба футбол байни дастпарварони мактабҳои варзишӣ баргузор гардид. Дар ин мусобиқа 5 даста аз ноҳияҳои Нуробод (ду даста), Рашт, Ҷиргатол ва ш.Роғун иштирок намуданд.                Маросими кушодашавии мусобиқа мусобиқа ботантана ва дар сатҳи баланд гузашт, ки дар он роҳбарияти ноҳия ва мухлисони сершумор иштирок карданд.                 Директори мактаби варзишии ноҳияи Ҷиргатол Бадиров Омилиддин таъкид намуд,ки пас аз истиқлолият чунин мусобиқа нахустин бор дар минтақаи мо мегузарад.                Дастаи наврасони ноҳияи Нуробод маҳорати хеле баланд нишон дода, сазовори роҳхат ба мусобиқаи ҷумҳурявӣ бахшида ба мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Терказарян, ки 20 июли соли равон дар шаҳри Душанбе оғоз меёбад, ноил гардид.                Ғолибон ва иштирокчиёни ин мусобиқа бо ҷомҳо, ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳо мукофотонида шуданд. 

Июль 15, 2009 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст