ГАНҶИНАИ КИТОБХОНАҲО БОЙТАР МЕГАРДАД
Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ дар нишасти матбуотӣ қайд намуд, ки бо мақсади ғанӣ намудани фонди китобхонаҳо дар нимсолаи аввали сол аз ҳисоби шахсии кормандони вазорати фарҳанги ҶТ ба китобхонаҳои ҷумҳурӣ 2500 нусха китоб тӯҳфа карда шуд. Аз ҳисоби тақдими сокинони шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ фонди китобхонаҳои Тоҷикистон 15 ҳазор китоб зиёд шуд. Дар 6 моҳ ба китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ беш аз 1880 нусха китобҳои нав, аз ҷумла 871 китоб ба забони тоҷикӣ тӯҳфа карда шуданд. Бештари онҳо китобҳои бадеӣ ва илмӣ мебошанд. Ба китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи М. Миршакар беш аз 437 нусха адабиёт ворид гашт, ки 332-тои он бо забони тоҷикӣ мебошанд. Кормандони худи китобхонаҳо ба муассисаҳои таълимӣ ва китобхонаҳои маҳаллӣ 500 нусха китоб тӯҳфа карданд. Кормандони китобхонаҳо ба тартиб додани феҳристи электронии адабиёти мавҷуда шурӯъ намуданд, ки то имрӯз 300 ҷилд китобро дар бар мегирад. М. Асрорӣ қайд намуд, ки барои ғанӣ гардондани китобхонаҳо ва харидани китобҳои нав аз ҳисоби буҷаи давлат 400 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Тарҷумаи Зебо Иноятова








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






