ГУЗОРИШ АЗ ҶАРАЁНИ САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ БА ШАҲРИ МАСКАВИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

Июль 20, 2009 10:59

                    Рӯзи 18 июл Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ипподроми шаҳри Маскав дар мусобиқаи пойгаҳ барои гирифтани ҷоизаи Президенти Федератсияи Русия иштирок намуд.                    Барои назорат аз ҷараёни ин мусобиқот ва доир намудани мулоқотҳои муҳими дуҷониба дар ин ҷо сарони 8 давлат ҳузур доштанд.                    Зимни мулоқот бо Дмитрий Медведев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масоили вобаста ба омодагӣ ба сафари кории пешомади Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Русияро, ки тирамоҳи соли равон ба вуқуъ хоҳад пайваст, баррасӣ намуд.                    Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки зимни ин сафарҳо муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар ба сатҳи боз ҳам баланд бардошта мешаванд ва пайомадҳои онҳо ба ҳаллу фасли мушкилоти ҷиддии минтақавӣ низ мусоидат мекунанд.                     Сарони ду давлат умедвории зиёди худро аз мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия ва Афғонистону Покистон, ки ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт, таъкид намуданд.                     Пурра ба истифода супурда шудани нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1, ки ба гуфти сарони ду давлат, аз бузургтарин лоиҳаҳои инвеститсионии бурунмарзии Русия аз замони пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ аст, нишонаи оғози марҳилаи нави ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Русия маънидод гардид.                    Дар мулоқот ҳамчунин атрофи авзои кунунии Афғонистону Покистон ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.                    Месазад ёдовар шуд, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин ва дигар масоили ҳамкории Тоҷикистону Русияро ҳамчунин рӯзи 14 июл зимни сӯҳбати телефонии худ бо Дмитрий Медведев аз шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб баррасӣ намуда буд.                     Дар шаҳри Маскав Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо намояндагони доимии вазорату идораҳо ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия ва созмонҳои минтақавии қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият мекунанд, машварати корӣ доир намуд.                   Дар машварат масоили вобаста ба иҷрои натиҷаҳои мулоқоти Президенти мамлакат бо тоҷикону ҳамватанони муқими Русия, ки чанде пеш дар шаҳри Екатеринбург сурат гирифта буд ва масъалаи пуштибонии шоиста аз манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар ин кишвари паҳновар баррасӣ шуд.                   Таъкид гардид, ки намояндагони ваколатдори Тоҷикистн аз мушкилоту эҳтиёҷоти шаҳрвандони давлати худ, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, бояд пайваста огоҳ бошанд ва баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо тадбирҳои саривақтӣ андешанд.                  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо оид ба иҷрои содиқона ва бо масъулияти вазифаҳои давлатию шаҳрвандиашон дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.                   Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июль 20, 2009 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд