ИДИ ЗАБОНРО ДАР ПОЙТАХТ БОШУКӮҲ ТАҶЛИЛ МЕНАМОЯНД

Июль 22, 2009 10:55

                  Душанбе, 22 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-22 -уми июл аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 20 сол пур шуд.                  Ҷиҳати дар сатҳи баланд ва бошукӯҳ таҷлил намудани ин санаи таърихӣ дар пойтахт, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба имзо расонд. Тибқи он шоми имрӯз соати 17 дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон» ва майдони «800-солагии Москва» сайругашти оммавии шаҳрвандон, базмҳои шеъру суруд, намоиш ва фурӯши маҳсулоти қаннодӣ ташкил карда мешавад.                    Тавре аз Хадамоти матбуотии Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, чорабинии идона бахшида ба Рӯзи забон соати 18 дар Боғи устод Рӯдакӣ доир мегардад.     Инчунин, соати 18-30 дақиқа дар Амфитеатр маҳфили идона бо иштироки донишмандону адибон, устодони санъат ва ҷавонони эҷодкори пойтахт баргузор мешавад.  Умед аст, ки таҷлили 20-умин солгарди қабули қонун дар бораи забони давлатӣ ба иди ҳақиқии дӯстиву ҳамраъйӣ ва худогоҳии миллати тоҷик табдил меёбад.

Июль 22, 2009 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд