ИМЗОИ САНАД ДАР ҲУЗУРИ РОҲБАРОНИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ
Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев дар маросими ба истифодаи пурраи саноатӣ супурдани нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 иштирок ва суханронӣ намуданд.Дар ҳузури сарони ду давлат нахуст санади қабули давлатии иншооти нерӯгоҳи обии Сангтӯда — 1 ба имзо расид. Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев тугмаро пахш намуда, агрегати чаҳорум ё худ охирини нерӯгоҳро ба кор дароварданд ва ин иншооти таҷассумкунандаи дӯстӣ ва ҳамкории стратегии ду кишвар ба истифодаи пурраи саноатӣ супурда шуд. Сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев дар саҳни ҳавлии бинои асосии нерӯгоҳ ба умеди дӯстии абадии миёни Тоҷикистону Русия як навниҳоли ҳамешасабз шинонданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев дар назди анбӯҳи зиёди бинокорони нерӯгоҳ ва намояндагони сершумор аз қишрҳои гуногуни ҷомеа суханронӣ намуда, пурра ба кор шурӯъ намудани ин иншооти азимро ба онҳо ва тамоми мардуми Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд. Ба гуфти сарони ду давлат, дӯстию рафоқат ва ҳамкории дорои собиқаи пурғановату беназири бинокорони иншооти гидротехникӣ яке аз ҳазорон риштаҳои устувор аст, ки пайванди ногусастании халқҳои Тоҷикистону Русияро таъмин менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






