ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ
Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Зебо Иноятова).- Дар хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июни соли 2009 маросими имзои Созишномаи ҳамкории Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати илмию истеҳсолии «Р.И.С.К.»-и Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид. Ширкати мазкур дар тендери бахшида ба масъалаи татбиқи системаи ягонаи автоматикунонидашудаи иттилоотӣ ғолиб баромада буд. Ҳадафи созишнома амалӣ сохтани «Барномаи минтақавии беҳтар сохтани фаъолияти гумрук ва рушди фаъолияти муассисаҳои ёрирасони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Созишнома бо кӯмаки молиявии Бонки рушди Осиё амалӣ карда мешавад. Татбиқи барномаи мазкур ба соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ, беҳтар намудани фаъолияти гумрукӣ, такмили технологияи назорат ва ба расмиятдарории гумрукӣ бо истифодаи самараноки технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ ва дар ин замина ба афзоиши тиҷорати хориҷӣ ва ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ мусоидат хоҳад кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






