ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ

Июль 2, 2009 10:16

                  Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Зебо Иноятова).- Дар хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июни соли 2009 маросими имзои Созишномаи ҳамкории Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати илмию истеҳсолии «Р.И.С.К.»-и Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид.                  Ширкати мазкур дар тендери бахшида ба масъалаи татбиқи системаи ягонаи автоматикунонидашудаи иттилоотӣ ғолиб баромада буд. Ҳадафи созишнома амалӣ сохтани «Барномаи минтақавии беҳтар сохтани фаъолияти гумрук ва рушди фаъолияти муассисаҳои ёрирасони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Созишнома бо кӯмаки молиявии Бонки рушди Осиё амалӣ карда мешавад.                   Татбиқи барномаи мазкур ба соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ, беҳтар намудани фаъолияти гумрукӣ, такмили технологияи назорат ва ба расмиятдарории гумрукӣ бо истифодаи самараноки технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ ва дар ин замина ба афзоиши тиҷорати хориҷӣ ва ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ мусоидат хоҳад кард.   

Июль 2, 2009 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид