ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНИ МОЛДАВИЯ

Июль 28, 2009 15:41

                 Кишинёв, 28 июл. (АМИТ «Ховар» — Мирти.ру. ). — Пагоҳ, 29 июл дар Молдавия интихоботи пеш аз мӯҳлати мақомоти қонунбарори мамлакат — парлумон баргузор мегардад. Ин баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатии Молдавия интихоботи шашумини парлумон аст. Субҳи имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ маъракаи ташвиқоту тарғиботи номзадҳои вакилони мардумӣ қатъ гардид. Дар интихобот асосан номзадҳои ҳизбҳои коммунист, либералӣ, демократӣ ва либералию демократӣ ширкат меварзанд. Дар байни онҳо теъдоди намояндагони ҳизби коммунист аксариятро ташкил медиҳанд.                  Президенти Молдавия Владимир Воронин зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки ин дафъа хилофкорӣ ва қонуншиканӣ дар ҷараёни интихобот ғайриимкон мебошад. Зеро ҷараёни онро садҳо намояндагон ва нозирони мамлакатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналхалқӣ назорат мекунанд.                 Рӯзи интихобот дар саросари мамлакат 1987 қитъаи овоздиҳӣ кушода мешавад. Парлумони Молдавия бо фармони Президент 15 июл пароканда карда шуд. Сабаби парокандашавии парлумон ҳамин аст, ки вакилони мардумӣ дар ду маҷлиси худ сардори давлатро интихоб карда натавонистанд. Дар натиҷа мамлакатро мавҷи бетартибиҳо ва ошӯбу исёнҳо фаро гирифт. Ошӯбгарон 7 апрел бинои парлумони мамлакат ва қароргоҳи президентро ишғол намуданд. Яке аз ҳадафҳои интихоби парлумони нав ба эътидол овардани вазъи сиёсии мамлакат мебошад.

Июль 28, 2009 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд