ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН
Бишкек, 22 июл. (АМИТ «Ховар» — Газета.Ру ). — 23 июл интихоботи президенти Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад. Дар интихобот шаш номзад барои ба даст овардани маснади президентӣ мубориза мебаранд. Ба қавли шореҳон, президенти ҳозираи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва рақиби асосии ӯ, духтури бемориҳои нашъамандӣ Алмазбек Отамбоев барои ба даст овардани ғалаба дар интихобот имкониятҳои бештар доранд. Хабар дода мешавад, ки ҳамаи номзадҳои мансаби президенти Қирғизистон 21 июл ташвиқоту тарғиботи пешазинтихоботиро қатъ намуданд. Президенти ҳозираи Қирғизистон Қ.Боқиев ва ҳарифи ӯ А.Отамбоев маъракаи пешазинтихоботиро нисбат ба номзадҳои дигар самарабахшу муташаккилона баргузор сохтанд. Онҳоро дар ҷараёни мулоқотҳо бо интихобкунандагон шумораи хеле зиёди гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботӣ ҳамроҳӣ мекарданд. Қ.Боқиев зимни мулоқотҳояш бо интихобкунандагон изҳор намуд, ки дар давоми чор соли гузашта даромади буҷети давлат зиёда аз ду баробар афзуд, маблағи музди кор ва нафақа низ хеле зиёд карда шуд. Мардум шоҳид аст, ки роҳбарияти мамлакат барои обод гардондани шаҳрҳо, сохтмони роҳҳо ва манзил тадбирҳои судбахш меандешад. Алмазбек Отамбоев ин суханони президентро рад намуда, изҳор кард, ки дар мамлакат ришвахӯрӣ торафт авҷ мегирад, дар ҳукумат низоми ҳокимияти қавмию авлодӣ ҷорӣ карда мешавад. Хешу таборони сардори давлат масъалаҳои муҳимтарини сиёсати дохилию хориҷиро ҳал мекунанд. Гуфтан мумкин нест, ки президент барои ҳалли проблемаҳои мавҷуда чорае намеандешад. Вай кӯшиш мекунад, вале коре карда наметавонад. Қ.Боқиев мисли Акаев аз хориҷа қарзҳои калон гирифта, ба мардум иқрор намешавад, ки ин қарзҳоро бояд фарзандони мо баргардонанд. Президент танҳо ваъда медиҳад, вале барои иҷрои ваъдаҳояш коре карда наметавонад, гуфт А.Отамбоев. Раиси комиссияи маркази интихоботи Қирғизистон Дамир Лисовский хабар дод, ки ҷараёни интихоботи президентро бештар аз 500 нафар нозирони 48 мамлакати ҷаҳон мушоҳида хоҳанд кард. Дар байни онҳо нозирони ИДМ, САҲА, СҲШ, Ҷомеаи иқтисодии Евразия ва созмонҳои дигар ҳастанд. Д.Лисовский изҳори боварӣ намуд, ки интихобот ба таври софдилонаю демократӣ, ошкоро ва шаффоф гузаронида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






