ИЗҲОРОТИ МАТБУОТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Июль 30, 2009 13:56

                Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи ҷамъбасти мулоқоти сарони давлатҳои                Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон                 Мӯҳтарам намояндагони васоити ахбори умум,                Дӯстони гиромӣ,                      Чанде қабл нахустин мулоқоти сарони давлатҳои ҳамсоя — Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон — дар шакли сегона анҷом пазируфт.                   Мулоқот ва музокироти мо дар шакли сегона хислати созанда дошта, дар ҷараёни онҳо дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои сеҷониба дар соҳаҳои гуногун, масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва як санади ҳамкорӣ байни се кишвар ба имзо расид.                  Мо аз натиҷаҳои мулоқоти сеҷонибаи Душанбе қаноатманд буда, онҳоро мусбат арзёбӣ намудем. Мувофиқи мақсад дониста шуд, ки чунин мулоқотҳои сеҷониба дар оянда идома дода шаванд.                  Дар ҷараёни мулоқоти сеҷониба мо ба масъалаҳои густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, фаъолияти тоҷирон ва сармоягузорони се кишвар дар қаламрави якдигар, вусъати ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорати наздисарҳадӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намудем.                  Зарурати густариши ҳамкориҳои ду, се ва бисёрҷониба бо иштироки кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро таъкид намуда, мо ҳамаи ҷонибҳоро барои гузоштани саҳми фаъолтар дар раванди эҳё ва бозсозӣ дар Афғонистон ба манзури дастёбӣ ба сулҳу суботи пойдор дар ин сарзамин даъват намудем.                 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон пуштибонии худро аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар таҳкими субот ва ваҳдату оромӣ дар кишвар муҷаддадан эълом доштанд.                  Чун яке аз мавзӯъҳои марказии мулоқот масъалаи суръат бахшидан ба иҷрои тарҳҳои муштарак дар соҳаи сохтмони роҳҳои заминӣ ва оҳан ҷиҳати транзити борҳо ва мусофирон, интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистон аз тариқи қаламрави Афғонистон, ки дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд, қарор дошт.                  Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки дар навбати аввал барои бунёди роҳҳои оҳану мошингарди Панҷи Поён-Шерхон Бандар-Кобул-Пешовар-Исломобод, амалӣ намудани лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаи сохтмони хатти баландшиддати «КАСАРЕМ» ҷаҳд намоянд.                  Табиист, ки мо дар ин мулоқот ба масъалаҳои таъмини амнияти умумӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намудем. Ҳар се давлат омодагии худро барои ҳамкорӣ дар мубориза бо тамоми таҳдидҳои ҷаҳонӣ — терроризм дар ҳама шаклҳояш, сепаратизм, экстремизм ва ҷинояткории созмонёфта — изҳор намуданд.                    Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси Маркази минтақавии мубориза бо маводи мухаддир, ҳамчун василаи муассир барои пешгирии ин падидаи номатлуб низ мавриди баррасӣ буд.                    Мо бори дигар изҳори ҳавасмандӣ кардем, ки ҳамкориҳоро дар ҷаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, Созмони Конфронси Исломӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай густариш дода, оид ба мавзӯъҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавқеъҳои худро ҳамоҳанг ва дастгирӣ намоем.                   Макон ва замони муносиб барои мулоқоти навбатии байнидавлатии сатҳи олии Тоҷикистон ва Покистону Афғонистон бо роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳанд гардид.

Июль 30, 2009 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд