ИЗҲОРОТИ ВКД ВА КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 18 июл. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикиистон 18 июл изҳороти муштарак дарҷ намуданд. Дар изҳорот, аз ҷумла, гуфта мешавад: 16 июл зимни гузаронидани амалиёти «Кӯкнор — 2009» дар наздикии посгоҳи дар мавзеи Ҳавзи кабудбудаи ноҳияи Тавилдара гурӯҳи шахсони номаълум ошкор карда шуд. Онҳо ба талаби қонунии кормандони мақомоти муҳофизи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат накарда, ғайричашмдошт ба хизматчиёни ҳарбии посгоҳи мазкур ҳамла оварданд. Дар натиҷа ду хизматчии ҳарбии мақомоти муҳофизи қонуну тартиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷрӯҳ шуд. Баъдан дар ин ҷо задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад. Ҷинояткорон дар натиҷаи ҳуҷуми ҷавобии хизматчиёни ҳарбӣ ночор ақибнишинӣ карданд. Дар натиҷаи таъқиби гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон дар ҷараёни амалиёт 5 узви дастаи мазкур нобуд карда шуд, ки шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Баъди задухӯрд дар натиҷаи азназаргузаронии маҳалли воқеа ва тафтиши ҳуҷҷатҳои силоҳбадастони кушташуда маълум гардид, ки онҳо Магомедов Шамил Саидович, соли таваллудаш 1988, доғистонӣ, сокини шаҳри Новочеркасски вилояти Ростови Федератсияи Русия, Аббосов Аҳмад Магомедович, соли таваллудаш 1984, доғистонӣ, сокини Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Русия, Бабин Алексей Владимирович, соли таваллудаш 1989, миллаташ рус, сокини шаҳри Нижневартовски вилояти Тюмени Федератсияи Русия, Хан Роман Анатолевич соли таваллудаш 1984, қазоқ, сокини ноҳияи Фрунзеи шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Русия ва Сабдюшев Ренат Рамилевич, соли таваллудаш 1983, тотор, сокини шаҳри Старий Осколи Федератсияи Русия мебошанд. Муқаррар карда шуд, ки ҳамаи силоҳбадастони кушташуда аъзои як гурӯҳи муташаккили террористӣ буда, бо худ аслиҳаи оташфишон, аз ҷумла, автоматҳои Калашников, гранатаҳо ва тирҳои гуногунқутр доштанд. Кормандони мақомоти муҳофизи қонуну тартиботи ҷумҳурӣ дар давоми амалиёт 9 узви гурӯҳи ҷинояткорро нобуд карданд. Айни ҳол амалиёти ҷустуҷӯ ва безарар гардондани силоҳбадастони боқимонда давом дорад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






