ИЗХОРОТИ МУШТАРАКИ ВКД ВА КДА МИЛЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Июль 12, 2009 15:37

                    Бо маќсади пешгирии њолатњои гардиши ѓайриќонунии маводи нашъадор, ошкор ва нобуд кардани растанињои нашъаовари худрўй ва кишти ѓайриќонунии онњо дар тамоми ќаламрави Љумњурии Тољикистон њар сол амалиёти якљояи маќомоти њифзи њуќуќ ва сохторњои ќудратї гузаронида мешавад. Соли љорї низ амалиёти муштараки маќомоти мазкур — «Кукнор-2009» ташкил карда шуд.                    Дар доираи амалиёти мазкур дар роњњои љумњурї дидбонгоњњои доимї ва сайёр барои мањкам кардани самтњои интиќоли ѓайриќонунии маводи нашъовар ташкил гардиданд. Аз рўи маълумотњои оперативї-љустуљўї маълум карда шуд, яке аз каналњои асосии интиќоли маводи мухаддир аз Афѓонистон ба воситаи њудуди ноњияњои Дарвоз, Тавилдара, Рашт ва Љиргатол ба сўи Љумњурии Ќирѓизистон амалї мегардад. Бо маќсади пешгирї ва бастани канали мазкур кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон, Вазоратњои корњои дохилї, мудофиа ва Кумитаи давлатии амнияти миллї дар ин минтаќа амалиёти муштарак баргузор намуданд. Бояд ќайд кард, ки канали интиќоли маводи нашъадорро аъзои фаъоли ташкилоти байналмилалии террористии «Њаракати исломии Ўзбекистон» Азизов Неъмат Саъдуллоевич сарварї намуда, онро мањз барои маблаѓгузорї ва сарпарастии гурўњњои террористї истифода мебарад.                     Рўзи 11-уми майи соли 2009 дар дењаи Чирсуни болои љамоати Саѓирдашти ноњияи Дарвоз аъзои гурўњи Азизов Неъмат Саъдуллоевич ва Зиёев Мирзо Ањмадович 3 нафар хизматчии њарбиро гаравгон гирифтанд. Њангоми азназаргузаронии талу теппањои мавзеи Чорсуни ноњияи Дарвоз кормандони Вазорати корњои дохилї ва Вазорати мудофиа ба њуљуми ногањонии дастаи мусаллањи ў дучор шуданд, ки дар натиља хизматчии ќисми њарбии 23442-и Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон лейтенанти калон Алишоев Абрибат Амониддинович њадафи тири гурўњи силоњбадастон ќарор гирифта, њалок гардид. Муайян карда шуд, ки ба гурўњи љинояткори Зиёев Мирзо Ањмадович, Азизов Неъматулло Саъдуллоевич, Азизов Њигматулло Файзуллоевич бо лаќаби «Кури Малиш» шомил мебошанд.                   Маълум карда шуд, ки дар њайати гурўњи мазкур 5 нафар шањрвандони Россия, ки миллаташон чечен мебошад, бо маќсади интиќоли маблаѓи калони пулии аз њисоби фурўши маводи нашъадор ба дастовардаи Зиёев Мирзо Ањмадович ва Азизов Неъмат Саъдуллоевич барои созмонњои терористї муќими Афѓонистон ва Покистон ба Тољикистон омадаанд ва муваќќатан дар шањри Душанбе истиќомат доранд. Дар љараёни амалиёти оперативї-љустуљўї ин шањрвандон аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон дастгир карда шуданд.                  Рўзи 8-уми июни соли 2009, тахминан соати 18-30 гурўњи љинояткорон бо маќсади ба даст даровардани маркази маъмурии ноњияи Тавилдара њуљуми мусаллањона ташкил намуд.                  Дар натиљаи тирпаронии мутаќобила 4 нафар аъзои дастаи Зиёев Мирзо Ањмадович ва Азизов Неъмат кушта шуданд.                  Баъди задухурди мазкур роњњои эњтимолии аќибнишинї ва фирори гурўњи љиної тањти назорат ва мушоњида ќарор дода, дар натиља як ќисми аъзои гурўњи силоњбадаст ба ињота гирифта шуданд. Баъди ба ињота афтидан 20 нафар аз аъзои гурўњи љиноии Зиёев Мирзо Ањмадович ва Азизов Неъмат маљбур шуданд, ки бо яроќњои оташфишон ва дигар лавозимоти љангияшон ба кормандони њифзи њуќуќ таслим гарданд. Аз онњо миќдори зиёди автомат, пулемёт, камонњои нишонгир, норинљакандоз, норинљак ва дигар лавозимоти љангї мусодира карда шуд.                 Субњи 11-уми июли соли равон дар рафти корњои фаврї- љустуљўї дар яке аз дидбонгоњњо Мирзо Зиёев бо писараш ва Азизов Њикматулло Файзуллоевич — сардори Хадамоти њолатњои фавќулоддаи ноњияи Тавилдара дастгир карда шуданд.                Худи њамон рўз Мирзо Зиёев ба хоњиши худ розї шуд, ки љойњои нигоњдории яроќу аслињаро нишон дода, бо аъзои боќимонадаи гурўњи љиноии Азизов Неъмат бо маќсади таслим шуданашон гуфтушунид ташкил намояд.                Дар рафти гузаронидани ин амалиёт дар роњбаладии кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон ва маќомоти корњои дохилї дар минтаќаи Сафедхоки ноњияи Тавилдара аз љониби гурўњи силоњбадасти Азизов Неъмат Саъдуллоевич њуљуми ногањонї ба амал оварда шуд, ки дар натиља Мирзо Зиёев ба њалокат расонида шуда, чанд кормандони маќомоти корњои дохилї ва Кумитаи давлатии амнияти миллї ярадор гардиданд.                Дар маљмўъ, дар натиљаи амалиёти муштараки «Кукнор — 2009» дар миќёси љумњурї 121 њолати љиної маълум карда шуда, аз гардиши ѓайриќонунї зиёда аз 950 килограмм маводи нашъадор, зиёда аз 300 њазор бех нињоли бангдона ошкор ва мусодира гардид. Аз рўи далелњои мазкур 124 нафар, аз љумла 7 шањрванди Афѓонистон ба љавобгарии љиноятї кашида шудаанд.                 Мардуми ноњияи Тавилдара дар фазои осоишта зиндагї карда, ба корњои њаррўзаи худ машѓул буда, ба кормандони њифзи њуќуќ кўмак ва њамкорї менамоянд.Чорабинињои оперативї-љустуљўї дар чорчўбаи амалиёти «Кукнор-2009» аз тарафи маќомоти њифзи њуќуќ идома дорад.                   Аз рафти тафтишоти фаъолияти љиноии гурўњи номбаршуда иловатан иттилоъ дода мешавад.  

Июль 12, 2009 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Фридрих Мерс барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид
Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
Дар Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ доир шуд
Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»
Вакили Маҷлиси намояндагон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар шаҳри Ҳисор аёдат намуд
Дар Хуҷанд байни духтарон мусобиқаи дӯстонаи футбол баргузор гардид
Дар Файзобод оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи қувваи барқ вохӯрӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Дар вилояти Хатлон иқдоми ҳизбии «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» баргузор гардид