КӮҲНАВАРДОНИ ТОҶИК НИЯТИ ФАТҲИ ҚУЛЛАИ «ОЗОДӢ»-РО ДОРАНД

Июль 20, 2009 09:04

                   Душанбе, 17 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз сад кӯҳнавард аз кишварҳои Русия, Белорус, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия Чехия, Туркия, Испания, Бразилия дар экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ бахшида ба даҳсолагии «Амалиёти об барои ҳаёт» иштирок менамоянд. Ҳамзамон, кӯҳнавардон дар фатҳи қуллаи баландиаш 6230 метр, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Озодӣ» номгузорӣ гардидааст, иштирок намуда, парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро парафшон месозанд. Ин қулла дар шохаи шимолу ғарбии қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо воқеъ аст.                   Экспедитсия бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Сайёҳ» дар партави иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии масъалаҳои туризми экологӣ, кӯҳӣ- варзишӣ ва кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон» гузаронида мешавад.                    Директори КВД «Сайёҳ» Комилҷон Ҷӯраев зимни мусоҳиба ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки аллакай 40 нафар сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд ва рӯзҳои надик боз кӯҳнавардони кишварҳои дигар ба кишварамон сафар менамоянд. Иштирокчиёни экспедитсия баъди мутобиқ гардонидани худ ба иқлими Тоҷикистон ба минтақаи баргузории чорабинӣ то ноҳияи Ҷиргатол тавассути нақлиёт мераванд. Аз он ҷо то лагери базавии экспедитсия майдончаи пиряхи «Москвина» (шимолу ғарби ВМКБ) як қисмашон бо чархбол ва қисми дигарашон пиёда дар муддати 4-5 рӯз ҷамъ омада, қулларо фатҳ менамоянд.                   Комилҷон Ҷӯраев афзуд, ки соли ҷорӣ нахустин бор дар экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ 6 нафар кӯҳнавардони тоҷик таҳти роҳбарии кӯҳнаварди тоҷик Шамс Қаҳҳоров иштирок намуда, умед доранд, ки аз аввалинҳо шуда қуллаи «Озодӣ»-ро фатҳ ва парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро болои қулла гузоранд.                   Доир намудани экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати таблиғи захираҳои бойи табиию рекреатсионии кишварамон муҳим буда, ба баланд гардидани нуфузи Тоҷикистон ҳамчун кишвари мусоид барои рушди туризми байналмилалӣ- хусусан кӯҳнавардӣ мусоидат менамояд.

Июль 20, 2009 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд