КӮЧОНИДАНИ АҲОЛӢ АЗ НОҲИЯҲОИ КАМЗАМИН

Июль 1, 2009 10:28

                      Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми майи соли 2008 «Дар бораи нақшаи муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ)-и аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамини кӯҳистон ва сераҳолӣ ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2008-2009», соли ҷорӣ бояд 710 оила ихтиёрӣ кӯчонида шаванд. Аз он ҷумла дар вилояти Хатлон 185 оила, вилояти Суғд — 308 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 217 оила ба минтақаи Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Турсунзода кӯчонда мешаванд.                     Вазорати молия бо мақсади муҳоҷирати дохилӣ дар соли 2009 1 млн. 724 ҳазору 54 сомонӣ ҷудо намуд. Аз ҳисоби маблағҳои ҷудошуда соли 2009 ба 605 оилаи муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ), ки дар соли 2008-2009 маблағгузорӣ карда нашудаанд, маблағи қарзи имтиёзнок ба миқдори 907 ҳазору 500 сомонӣ пардохт карда шуд.  

Июль 1, 2009 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд