КӮЧОНИДАНИ АҲОЛӢ АЗ НОҲИЯҲОИ КАМЗАМИН
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми майи соли 2008 «Дар бораи нақшаи муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ)-и аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамини кӯҳистон ва сераҳолӣ ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2008-2009», соли ҷорӣ бояд 710 оила ихтиёрӣ кӯчонида шаванд. Аз он ҷумла дар вилояти Хатлон 185 оила, вилояти Суғд — 308 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 217 оила ба минтақаи Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Турсунзода кӯчонда мешаванд. Вазорати молия бо мақсади муҳоҷирати дохилӣ дар соли 2009 1 млн. 724 ҳазору 54 сомонӣ ҷудо намуд. Аз ҳисоби маблағҳои ҷудошуда соли 2009 ба 605 оилаи муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ), ки дар соли 2008-2009 маблағгузорӣ карда нашудаанд, маблағи қарзи имтиёзнок ба миқдори 907 ҳазору 500 сомонӣ пардохт карда шуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






