КӮМАКИ ИЛОВАГИИ ИТТИҲОДИ АВРУПО БА ТОҶИКИСТОН

Июль 14, 2009 15:22

             Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). – Сардори раёсати вазорати корҳои хориҷии Шветсия Ян Ниберг 13 июл зимни сӯҳбати бо хабарнигорон изҳор намуд, ки дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон бо намояндагони Ҳукумати мамлакат роҳу усулҳои бартараф сохтани бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, амнияти минтақавӣ, беҳдошти соҳаи экологӣ, проблемаҳои обу энергетика ва эҳтироми ҳуқуқи инсонро мавриди муҳокима қарор додааст. Я.Ниберг дар ҳайати сегонаи Иттиҳоди Аврупо барои боздиди корӣ ба Душанбе омада буд. Вай зикр кард, ки Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои мустаҳкам намудани сарҳадҳо, мубориза ба муқобили қочоқи маводи нашъадор, тайёр кардани мутахассисон ва тармиму таҷдиди гузаргоҳҳои сарҳадӣ кӯмаки иловагӣ мерасонад.            Қайд карда шуд, ки Иттиҳоди Аврупо дар давоми солҳои 2007 – 2013 ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ба маблағи 750 миллион евро кӯмак мерасонад. 

Июль 14, 2009 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд