КӮМАКИ ИЛОВАГИИ ИТТИҲОДИ АВРУПО БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). – Сардори раёсати вазорати корҳои хориҷии Шветсия Ян Ниберг 13 июл зимни сӯҳбати бо хабарнигорон изҳор намуд, ки дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон бо намояндагони Ҳукумати мамлакат роҳу усулҳои бартараф сохтани бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, амнияти минтақавӣ, беҳдошти соҳаи экологӣ, проблемаҳои обу энергетика ва эҳтироми ҳуқуқи инсонро мавриди муҳокима қарор додааст. Я.Ниберг дар ҳайати сегонаи Иттиҳоди Аврупо барои боздиди корӣ ба Душанбе омада буд. Вай зикр кард, ки Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои мустаҳкам намудани сарҳадҳо, мубориза ба муқобили қочоқи маводи нашъадор, тайёр кардани мутахассисон ва тармиму таҷдиди гузаргоҳҳои сарҳадӣ кӯмаки иловагӣ мерасонад. Қайд карда шуд, ки Иттиҳоди Аврупо дар давоми солҳои 2007 – 2013 ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ба маблағи 750 миллион евро кӯмак мерасонад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






