КАМ ШУДАНИ ВОРИДОТ ВА СОДИРОТ БА БУҶАИ ВИЛОЯТИ СУҒД ТАЪСИРИ МАНФИ РАСОНИД
Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 6 июли соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии назди раиси вилояти Суғд масъалаҳои таъмини бозори дохилӣ, рушд ва такомули робитаҳои иқтисодӣ, савдои беруна баҳри таъмини амнияти иқтисоди кишвар, баррасӣ шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд. Сарвари вилояти Суғд Қоҳир Расулзода баррасии ин масъаларо дар шароити кунунии бӯҳрони молиявӣ-иқтисодӣ муҳим арзёбӣ карда, зикр намуд, ки дар ин раванд пеш аз ҳама ба амалӣ намудани супоришҳои Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки замин, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ба танзим даровардани сатҳи вобастагии бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти бесифат, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, танзими воридот ва нархи анвоъ, гардиши савдои беруна, эътибори ҷиддӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор зоҳир карда шавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, сатҳи воридот ва содирот аз рӯи баъзе намудҳои маҳсулот паст рафтааст, ки он дар маҷмӯъ ба ғанигардонии буҷа таъсири манфӣ расонид. Қоҳир Расулзода бо таҳлилҳои амиқ аз ҳанӯз ҷой доштани проблемаҳоро дар самти барасмиятдарории гумрукӣ, ҳифзи бозори дохилӣ аз маҳсулотҳои пастсифати воридшаванда ва пешгирии он изҳори нигаронӣ кард. Дар фарҷом раиси вилоят ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






