КИТОБИ НАВ ДАР БОРАИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 8 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Дар нашриёти «Шарқи озод» китоби нави «Гуфтушуниди Тоҷикистону Қазоқистон ва Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳи олӣ» бо забонҳои тоҷикию русӣ аз чоп баромад. Китоб аз тарафи дафтари матбуотии Сарвари давлат ва дастгоҳи мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои сиёсати берунӣ ба чоп тайёр карда шуд. Асар ба ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту гуфтушунидҳои намояндагони Тоҷикистону Қазоқистон ва Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳи гуногун бахшида шудааст, ки дар давоми солҳои 2007-2008 баргузор гардидаанд.Китоб барои доираи васеи хонандагон, аз ҷумла донишҷӯён, аспирантҳо, олимони ва олимони сиёсатшинос пешниҳод карда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






