КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ҚАНД ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ
Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми нимсолаи якуми соли 2009 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи 8 млн. 698 млн. сомонӣ корҳои сохтмонию пудратӣ иҷро карда шудааст. Дар ин муддат сохтмони мактабҳои 100 ва 139 дар деҳаҳои Насими кӯҳсор ва Хоҷабулбулони деҳоти Эсанбой, дар арафаи иди Ваҳдат бошад, мактаби рақами 124 дар деҳоти Чоряккорон, корхонаи истеҳсоли хишти ҶДММ «Тоҷикистон Ҷуня» (иқтидори истеҳсолиаш дар як сол 8 млн. дона хишт) бо ҷалби 1 млн. 115 ҳазор сомонӣ, 2 маркази савдо, як бунгоҳи тиббӣ дар дехоти Гулистон ва корхонаи истеҳсоли қуму шағал дар деҳаи Фалакиёни деҳоти Россия бо ҷалби 1 млн. 200 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуданд. Хамчунин сохтмони биноҳои мактабҳои рақамҳои 42, 47, 49 дар деҳоти Роҳатӣ мактаби рақами 39 дар деҳоти Гулистон ва мактабҳои 89 ва 123 дар деҳоти Лоҳуру Чоряккорон идома доранд. Боиси тазаккур аст, ки аз тарафи соҳибкор Маҳмадраҳим Комилов сохтмони корхонаи истеҳсоли қанд бо иқтидори 12 тонна дар як шабонарӯз ва макарон бо иқтидори 5 тонна дар шаҳраки Сомониён бо ҷалби 1 млн. 500 ҳазор сомонӣ давом дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






