КЎМАКИ НАВБАТИИ ИТТИҲОДИ АВРУПО БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова) .- Комиссияи Аврупо қарор қабул намуд, ки ба Тоҷикистон барои иҷрои 6 барномаи нав дар соҳаҳои тандурустӣ ва кишоварзӣ тақрибан ба маблағи 3,5 миллион евро кӯмак расонад. Барномаҳои мазкур дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон барои пешрафти фаъолияти хоҷагиҳои шахсӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум иҷро карда мешаванд. Як қисми маблағи ҷудо карда шуда барои пешгирии бемориҳои сирояткунанда, таъмини амнияти озуқаворӣ бо таҳсил фаро гирифтани духтарони маҳаллӣ ва афзунтар сохтани фаъолияти мақомоти маҳаллӣ сарф карда мешавад. Мӯҳлати иҷрои барномаҳо 2 сол муқаррар карда шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






