МАҶАЛЛАИ НАВ ДАР КӮЛОБ

Июль 23, 2009 11:30

                   Кӯлоб, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар рӯзи истиқбол аз 20-умин солгарди қабули Қонуни Забони тоҷикӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон нахустин шумораи маҷаллаи «Паёми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» ба табъ расид. Бинобар иттилои сармуҳаррири маҷаллаи мазкур, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор Каримҷон Қодиров нашри ин маҷаллаи илмӣ ба ҳайати профессорон, омӯзгорон, аспирантон ва дигар кормандони донишгоҳ, инчунин олимони ватанию хориҷӣ имкон фароҳам меоварад, ки паҳлӯҳои гуногуни мавзӯъҳои илмию тадқиқотии худро дар шакли мақолаҳои илмӣ нашр намоянд.                   Каримҷон Қодиров илова намуд, ки нашри нахустини маҷалла ба соле мувофиқ омад, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми апрел Донишгоҳи давлатии Кӯлоб номи асосгузори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро гирифт.                   «Паёми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» ҳамчун маҷаллаи илмӣ дар густариш ва раванди илмҳои гуногун, худогоҳиву хештаншиносӣ баҳри рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол, омӯзиши илму тамаддуни гузаштаи миллати тоҷик мусоидат хоҳад кард.   

Июль 23, 2009 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд