МАҶАЛЛАИ НАВ ДАР КӮЛОБ
Кӯлоб, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар рӯзи истиқбол аз 20-умин солгарди қабули Қонуни Забони тоҷикӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон нахустин шумораи маҷаллаи «Паёми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» ба табъ расид. Бинобар иттилои сармуҳаррири маҷаллаи мазкур, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор Каримҷон Қодиров нашри ин маҷаллаи илмӣ ба ҳайати профессорон, омӯзгорон, аспирантон ва дигар кормандони донишгоҳ, инчунин олимони ватанию хориҷӣ имкон фароҳам меоварад, ки паҳлӯҳои гуногуни мавзӯъҳои илмию тадқиқотии худро дар шакли мақолаҳои илмӣ нашр намоянд. Каримҷон Қодиров илова намуд, ки нашри нахустини маҷалла ба соле мувофиқ омад, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми апрел Донишгоҳи давлатии Кӯлоб номи асосгузори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро гирифт. «Паёми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» ҳамчун маҷаллаи илмӣ дар густариш ва раванди илмҳои гуногун, худогоҳиву хештаншиносӣ баҳри рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол, омӯзиши илму тамаддуни гузаштаи миллати тоҷик мусоидат хоҳад кард.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






