МАҶЛИСИ ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТ
Хуҷанд, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Сановбар Мақсудова ). — 17 июл дар шаҳри Хуҷанд маҷлиси фаъолони вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он муовини аввали Сарвазири мамлакат Асадулло Ғуломов иштирок намуд. Раиси вилоят Қоҳир Расулзода маҷлисро кушод. Муовини раиси вилоят Амонҷон Эшонқулов дар бораи натиҷаҳои пешрафти иҷтимоию иқтисодии вилоят дар давоми шаш моҳи гузаштаи соли 2009 маърӯза кард. Қайд карда шуд, ки корхонаҳои саноатии вилоят бо вуҷуди бӯҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ дар ин муддат ба маблағи 489,4 миллион сомонӣ маҳсулот бароварданд, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 107 фоизро ташкил медиҳад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзию саноатӣ 7,7 фоиз афзуд. Қисмати даромади буҷет дар ин муддат 110,2 фоиз иҷро шуд. Зикр шуд, ки корхонаю ташкилотҳои вилоят аз ҳисоби ҷамъоварии андоз айни ҳол 100,5 миллион сомонӣ қарздоранд. Ин нисбат ба аввали соли равон 13, 3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Муовини раиси вилоят Амонҷон Эшонқулов афзуд, ки вилоят аз ҳисоби ҷамъоварии пули гази истифодашуда 34 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби надодани пули қувваи барқ бештар аз сад миллион сомонӣ қарздор мебошад. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






