МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ҚОНУНҲО НАВРО ҶОНИБДОРӢ НАМУД
Душанбе, 23 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Се қонуни нав — Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила», «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил» ва ворид намудани тағийрот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» 23 июл дар иҷлосияи 20 -уми палатаи болоии парлумони мамлакат аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардид. Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Амиршо Миралиев зимни шарҳи қонунҳои нав табодули назар намуда, гуфт, ки қонунҳои мазкур ба рушди иқтисодиёти миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Аз ҷумла, қонун «Дар бораи суғуртаи мутақобила» асосҳои ҳуқуқӣ, тартиби фаъолияти суғуртаи мутақобиларо дар мамлакат ба танзим медарорад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил» бошад, баланд бардоштан, таъмини ҳуқуқу ваколатҳо, ӯҳдадориҳо, бақайдгирӣ, тарзи нигоҳдорӣ, хизматрасони коммуналии соҳибмулкони манзил ва дигар салоҳияти онҳоро муайян намуда, ба танзим медарорад. Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади беҳдошти вазъи хизматрасонии комуналӣ дар пойтахт беш аз 100 ширкати соҳибмулкони манзил таъсис дода шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






