МАҶЛИСИ НАВБАТИИ КОРШИНОСОНИ ИДМ ДАР МИНСК

Июль 23, 2009 10:58

                 Минск, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз дар пойтахти Белорусия — шаҳри Минск маҷлиси навбатии Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳои ИДМ баргузор мегардад.                 Дар маҷлис масъалаҳои марбут ба фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони муассисаҳои тафтиши ҷамъоварии андози мамлакатҳои ИДМ, аз ҷумла, мубориза ба муқобили қонуншиканиҳо дар соҳаи андоз, ташкили ҳамкории мақомоти тафтиши соҳаи андози мамлакатҳои ИДМ барои пешгирии қочоқ, ошкор сохтани ҷинояткорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, хариду фурӯши ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо ва фулузоти сиёҳу ранга, тамоку, нӯшокиҳои спиртдор, мубодилаи таъҷилии маълумот, такмили заминаи меъёрию ҳуқуқии тайёр кардани кадрҳо ва тавсиаи ҳамкории илмӣ баррасӣ карда мешаванд.                   Намояндагони доимии давлатҳои ИДМ, инчунин лоиҳаи рӯзномаи маҷлисҳои навбатии мақомоти олии Иттиҳод, аз ҷумла, рӯзномаи маҷлиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, рӯзномаи маҷлиси Шӯрои сарони давлатҳо ва рӯзномаи маҷлиси Шӯрои сарони ҳукуматҳои мамлакатҳои ИДМ — ро баррасӣ менамоянд. Маҷлиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ 8 октябр дар Кишинёв, маҷлиси Шӯрои сарони давлатҳо 9 октябр дар Кишинёв ва маҷлиси Шӯрои сарони ҳукуматҳо моҳи ноябр дар шаҳри Ялта баргузор мегарданд. Дар ин маҷлисҳо тадбирҳои бартараф сохтани оқибатҳои ногувори бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, нақшаи амалӣ сохтани тадбирҳои афзун гардондани самараи ҳамкории давлатҳои ИДМ дар соҳаи иқтисодиёт дар давраи солҳои 2003 — 2010 муҳокима карда мешаванд.

Июль 23, 2009 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд