МАҶЛИСИ САЙЁРИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова ). — Мувофиқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ ва нақшаю ташкилу гузаронидани амалиёти «Кӯкнор — 2009» дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Дарвоз маҷлисҳои сайёри ситоди амалиёти мазкур баргузор гардиданд. Дар онҳо масъалаҳои ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти муҳофизи қонун ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин мақомоти қудратии вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвоз дар бобати иҷрои дастури гузаронидани амалиёт ва бартараф сохтани камбудиҳои дар ҷараёни даври аввали амалиёт ошкоргардида мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ин маҷлисҳо роҳбари ситоди ҷумҳуриявӣ, муовини аввали директори Агентии назорати маводи нашъадори мамлакат, генерал — майори хадамоти назорати маводи нашъадор Вайсиддин Азаматов, котиби масъули ситод, сардори раёсати зудамали ҷустуҷӯи агентии мазкур подполковник Ҳалимҷон Маҳмудов ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ширкат варзиданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки чунин маҷлисҳои сайёр дар ноҳияҳои дигари мамлакат низ гузаронида хоҳанд шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






