МАҶЛИСИ ШӮРОИ БАЙНИДАВЛАТИИ ИДМ
Маскав, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Имрӯз дар Маскав маҷлиси 23 — юми Шӯрои байнмидавлатии ИДМ бахшида ба пешгирӣ ва кам кардани фалокатҳои табиӣ ва дорои хусусияти техногенӣ кушода шуд. Иштирокчиёни маҷлис роҳу усулҳои ҳамкории мамлакатҳои ИДМ — ро дар бобати пешгирӣ кардан ва барҳам додани оқибати фалокатҳои табиӣ ва техногенӣ муайян менамоянд. Аз ҷумла, усулҳои дар амал татбиқ намудани нақшаи тадбирҳои асосии иҷрои барномаи рушди минбаъдаи иттиҳод, гузаронидани машқҳои корпуси қувваҳои ИДМ барои барҳам додани оқибатҳои фалокат ва дастраси ҳамдигар гардонидани маълумот дар ин хусус муҳокима карда мешавад. Шӯрои байнидавлатии ҳолатҳои фавқулоддаи ИДМ соли 1993 ташкил ёфта буд. Ба ҳайати он муовинони аввали вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдори мамлакатҳои ИДМ шомиланд.








Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд






