МАБЛАҒИ ЗАХИРАИ ТИЛЛОВУ АСЪОРИ ЧИН МЕАФЗОЯД

Июль 15, 2009 11:33

             Пекин, 15 июл. (АМИТ «Ховар» — РБК). — Бонки марказии мардумии Чин хабар дод, ки маблағи захираи тиллову асъори мамлакат имсол дар таърихи ҷумҳурӣ бори аввал аз ду триллион доллари ИМА гузашт. Маблағи захираи он дар семоҳаи дуюми соли равон 177,9 миллиард доллар зиёд гардида, ба 2,13 триллион доллар расид. Дар семоҳаи аввали соли равон захираи Чин ҳамагӣ 7,7 миллиард доллар зиёд гардид. Ин натиҷаи аз мамлакат баровардани маблағи зиёди пул мебошад.             Вале дар давоми моҳҳои минбаъда ҳаҷми захираи тиллову асъор босуръат афзуд. Зеро Чин маблағи хеле зиёди асъори хориҷиро харида, инчунин барои баланд бардоштани қурби пули миллӣ тадбирҳои самарабахш андешид.              Ба қавли коршиносони соҳаи молия, Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ҷиҳати захираи тиллову асъор дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол менамояд. Вобаста ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ Чин торафт бештар доллари амрикоиро харида, захира менамояд. Дар мамлакат истифодаи пулҳои хориҷӣ, аз ҷумла, доллари ИМА дар хариду фурӯши мол қатъ карда шудааст. Ин мақомоти Амрикоро ба ташвиш меорад.              Вазири молияи ИМА Тимоти Гайтнер изҳор намуд, ки вазифаи асосии имрӯза барқарор сохтани боварии мамлакатҳои ҷаҳон ба иқтисодиёти мамлакат мебошад. Барои ин сиёсати мустаҳкам намудани мавқеи пули миллӣ пеш гирифта шудааст, гуфт вай.                                                           Тарҷумон — Қудратов А.

Июль 15, 2009 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд