МАЪРИФАТИ ИСЛОМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

Июль 10, 2009 11:50

                  Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба иттилои вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов, бо оғози соли хониш дар мактабҳои таълимоти умумӣ фанни нави таълимӣ «Маърифати исломӣ» барои сифҳои 8-11 ҷорӣ карда мешавад.                  Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, айни замон китобҳои таълимӣ оид ба ин фанни нави таълимӣ дар дасти чоп аст. Дар назар аст, ки китоби Маърифати исломӣ то охири моҳи август аз чоп баромада, дастраси толибилмон гардонида мешавад.                   Ҳамчунин соли хониши 2009-2010 барои синфҳои 6-11 китобҳои таълимӣ ба забонҳои арабӣ, франсузӣ ва немисӣ барои мактабҳои таълимоти умумӣ нашр ва дастраси хонандагон гардонида мешаванд.  

Июль 10, 2009 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд