МАРКАЗИ НАВИ ДАНДОНПИЗИШКӢ
Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Маркази дандонпизишкии шаҳри Кӯлоб ба утоқҳои кушоду барҳаво ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир таъмин карда шуд. Бояд қайд намуд, ки дар назди ин марказ кафедраи дандонпизишкии коллеҷи тиббӣ амал мекунад, ки дар тайёр намудани мутахассисони соҳибтаҷрибаи бахши даҳонпизишкӣ имконияти васеъ фароҳам оварда шудааст. Бояд қайд кард, ки дар буҷаи соли ҷорӣ барои соҳаи тандурустӣ маблағҳои зиёд пешбинӣ шудааст, ки ба рушди соҳа, аз ҷумла барои беҳтар намудани шароити беморхонаву дармонгоҳҳо, таҳкими заминаи моддию техникии онҳо , ҷорӣ кардани усулҳои муосири хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ равона карда мешавад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






