МАРОСИМИ РАСМИИ ИСТИҚБОЛИ ПРЕЗИДЕНТИ ПОКИСТОН
Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова, Пайрав Назаров). — Субҳи имрӯз дар майдони назди Қасри Миллат маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осаф Алии Зардорӣ баргузор гардид, ки бегоҳии дирӯз барои боздиди нахустини расмӣ ба Тоҷикистон омада буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро самимона пешвоз гирифта, ӯро ба минбари ифтихор даъват намуд. Тибқи анъана, сардори дастаи посбонони ифтихорӣ ба меҳмони воломақом рапорти ҳозирбош дод. Сипас оҳангҳои миллии ҳар ду давлат садо доданд. Дастаи посбонони ифтихорӣ аз назди президентҳои ҳар ду кишвар бо қадамҳои низомӣ гузашт. Сарони ҳар ду давлат аъзои ҳайатҳои расмии мамлакатҳояшонро ба ҳамдигар муаррифӣ намуданд. Дар маросими истиқболи Президенти Покистон намояндагони корпуси дипломатии хориҷӣ ҳузур доштанд. Мухбирони АМИТ «Ховар» хабар медиҳанд, ки баъди анҷоми маросими истиқбол мулоқоти якка ба яккаи сарони ҳар ду давлат шурӯъ гардид. Сафари расмии Президенти Покистон дар Тоҷикистон се рӯз давом мекунад. Баъди мулоқоти якка ба яккаи сарони ҳар ду давлат гуфтушуниди ҳайатҳои ҳар ду ҷониб баргузор мегардад. Дар ҷараёни он масъалаҳои марбут ба ривоҷ додани муносибатҳои ҳар ду кишвар ва ҳамкории онҳо дар соҳаҳои гуногун муҳокима карда мешавад. Дар фарҷоми гуфтушунид имзои силсилаи ҳуҷҷатҳо ба нақша гирифта шудааст. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






