МАВОДИ ҒАЙРИСТАНДАРТӢ ДАРЁФТ ШУД
Қӯрғонтеппа, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Аз тарафи мутахассисони Маркази «Тоҷикстандарт» -и вилояти Хатлон санҷиши сифати маҳсулоти хӯрока гузаронида шуд. Тавре директори Марказ Раҷабалӣ Тағоев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар бозору мағозаҳо намаки ошӣ, равғани растанӣ, машрубот, маҳсулоти гӯштиву ширии мӯҳлати истифодаашон гузашта ошкор карда шуд. Ба иттилои манбаъ, ҳамагӣ 1016 тафтиш дар озмоишгоҳи Марказ гузаронида шуд. Дар натиҷа 87 кг маҳсулоти қаннодӣ, миқдори зиёди нӯшокиҳои спиртӣ ва ташнашикан, 12,6 кг ҳасиб, 70 кг равғани пахта, 2400 собун ва миқдори зиёди сигори хориҷӣ ғайристандартӣ дониста шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






