МУКОФОТ БА ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛХАЛҚӢ
Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Тавре хабар дода шуда буд, дар шаҳри Брессанони Италия мусобиқаи байналхалқии варзиши сабук баргузор гардид. Дар он аз Тоҷикистон гулӯлапарто Сӯҳроб Хоҷаев ширкат варзида, медали нуқра ба даст овард. С. Хоҷаев дар байни 12 нафар варзишгари зӯртарини ҷаҳон охирин шуда ба қувваозмоӣ шурӯъ намуд ва гӯлуларо ба масофаи 73 метру 29 сантиметр партофта, ҷойи 3-юмро соҳиб шуд. Дар ин мусобиқа ҷойи аввалро варзишгари чинӣ Чен Хонг Гиу ишғол намуд. Вай гӯлуларо ба масофаи 74 метру 93 сентиметр ҳавола дод. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон Сӯҳроб Хоҷаевро барои ин муваффақияти калонаш бо 4 ҳазору 500 сомонӣ мукофотонид. Инчунин ба мураббиёни варзишгар — раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Дилшод Назаров ва тренери ӯ Ўлмас Олимов низ мукофоти пулӣ дода шуд. Тарҷумон Қудратов А.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






