МУЛОҚОТ ДАР ВКХ
Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дирӯз дар шаҳри Душанбе бо сардори раёсати Русия, ҷануби Қафқоз ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷӣ ва Иттиҳоди Шоҳигарии муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи шимолӣ Майкл Девенпорт мулоқот кард. Зимни сӯҳбат масъалаҳои равнақу ривоҷи минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Британияи Кабир, ҳамкории онҳо дар доираи Барномаи нави стратегии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, вазъияти Афғонистон, инчунин масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳи ҳар ду ҷониб муҳокима шуданд. Меҳмон нақши асосии Тоҷикистонро дар барқарор сохтани иқтисодиёти Афғонистони ҳамсоя дар давраи баъди ҷанг бо роҳи амалӣ сохтани барномаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ дар соҳаҳои сохтмони роҳҳои оҳан ва мошингард, нерӯгоҳҳои барқӣ ва кашидани хатҳои интиқоли барқ таъкид намуд. Тарҷумон Қудратов А.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






