МУЛОҚОТИ ҒАЙРИРАСМИИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СААД

Июль 29, 2009 08:59

                     Бишкек, 29 июл. (АМИТ «Ховар» — Газета. КЗ). — Рӯзҳои 31 июл ва 1 август дар соҳили Иссиқкӯл мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон хабар доданд. Мулоқоти сарони давлатҳои аъзои созмон — Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар истироҳатгоҳи давлатии Президенти Қирғизистон «Чолпонато — 2» баргузор мегардад.                      Тибқи нақша, бояд дар ин мулоқот ҳуҷҷатҳо дар бораи ташкили қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ имзо карда шаванд. Мулоқоти мазкур ба ҷашни зодрӯзи президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев рост меояд. Қ.Боқиев 1 август 60 — сола мешавад.                     Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иттифоқи ҳарбию сиёсии 7 мамлакат — Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад, ки дар асоси Созишномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992 ташкил ёфта буд. Созмон моҳи майи соли 2002 ба созмони байналхалқӣ табдил ёфт. СААД аз 2 декабри соли 2004 дар Маҷмаи Кулли СММ мақоми мушоҳид дорад.  

Июль 29, 2009 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд