МУЛОҚОТИ ҒАЙРИРАСМИИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ БАРГУЗОР НАМЕГАРДАД
Маскав, 15 июл. (АМИТ «Ховар» — Ведомосты). — Мулоқоти анъанавии ғайрирасмии сарони давлатҳои ИДМ тобистони имсол дар шаҳри Маскав баргузор намегардад. Президенти Русия ба ҷои мулоқот сарони давлатҳои Иттиҳодро даъват кардааст, ки ҳамроҳи ӯ дар пойгаи аспони хушзот иштирок намоянд. Тибқи хабарҳои расида, на ҳамаи Президентҳои ҷумҳуриҳои ИДМ ба тамошои пойгаи аспон хоҳанд омад. То имрӯз сарони давлатҳои Арманистону Озарбойҷон, Қазоқистону Тоҷикистон ва Молдавия дар бораи ташрифашон ба Маскав хабар доданд. Дар пойгаи мазкур инчунин президентҳои Иристони Ҷанубӣ ва Обхозистон низ иштирок хоҳанд кард. Президентҳои Украина ва Туркманистон аз иштирок дар пойгаи аспон даст кашиданд. Котиботи президенти Белорусия хабар дод, ки масъалаи иштироки А. Лукашенко дар ин мулоқот ҳанӯз ҳал нашудааст. Дар гумон аст, Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов низ дар ин мулоқот иштирок намояд. Президенти Русия ба онҳое, ки дар пойгаи аспон ширкат меварзанд, тӯҳфаҳои калон ваъда кардааст. Аз ҷумла, ба Белорусия ва Қирғизистон барои бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрони молиявӣ 500 миллион долларӣ қарз дода хоҳад шуд. Тоҷикистон ва Арманистон низ изҳор намуданд, ки барои ҳалли проблемаҳои худ аз кӯмакҳои саховатмандонаи «бародари бузургашон» баҳравар хоҳанд гашт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






