МУЛОҚОТИ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА БО САФИРИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУХТОРИ РУСИЯ ДАР ҶТ

Июль 16, 2009 09:38

                  Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 15 июл раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов мулоқот кард.                  Роҳбари маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд Илҳом Ҷамолов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо, вусъат додани робитаҳои соҳавӣ ва таҳкими муносибатҳо мубодилаи афкор намуданд.                   Раиси вилоят бо изҳори қаноатмандӣ таъкид кард, ки айни ҳол робитаҳои иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ миёни Федератсияи Русия ва вилояти Суғд хуб ба роҳ монда шуда, минбаъд низ он дар соҳаҳои иқтисод ва савдо густариш хоҳанд ёфт.                   Дар рафти мубодилаи афкор мусоҳибон ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо дахл намуданд.                   Мавриди ёдоварист, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ гардиши мол байни вилояти Суғд ва Федератсияи Русия 122,2 миллион долларро ташкил додааст. Аз вилояти Суғд ба Федератсияи Русия асосан маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда мешавад. Аз ҷониби Русия ба вилояти Суғд бошад, бештари маводи ғизоӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва сӯзишворӣ ворид мегардад.                   Айни ҳол дар миқёси вилояти Суғд 17 муассисаи муштараки Тоҷикистону Русия ба қайд гирифта шуда, фаъолияти мунтазам доранд.

Июль 16, 2009 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд