МУЛОҚОТИ Қ. РАСУЛЗОДА БО НАМОЯНДАИ САҲА ДАР ХУҶАНД
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 15 июл раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода роҳбари намояндагии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Хуҷанд Лилияна Тодоровичро ба ҳузур пазируфт. Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ нек арзёбӣ гардид. Таъкид карда шуд, ки минбаъд низ дар татбиқи лоиҳаҳо ҳарду ҷониб саҳми назаррас гузошта, барои вусъат додани ҳамкориҳои оянда тадбирҳои заруриро роҳандозӣ хоҳанд кард. Ҳамзамон, дар ҷараёни ин мулоқот масоили дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи вилояти Суғд бо САҲА баррасӣ гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






