МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО ФИРИСТОДАИ ВИЖАИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ОЛМОН
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — 21 июли соли равон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Фиристодаи вижаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, сафир Ҳанс-Дитер Лукасро ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Густариши босуръати муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра бо қаноатмандӣ таъкид гардид. Ҳар ду ҷониб изҳори ният намуданд, ки корро ҷиҳати таҳким додани ҳамкории Тоҷикистону Олмон ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчўбаи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ фаъол мекунанд. Ҳ.Зарифӣ ба ҳамсўҳбати худ мавқеи Тоҷикистонро дар мавриди масъалаҳои муҳими минтақа, аз ҷумла масъалаҳои обу энергетика шарҳ дод. Қайд гардид, ки амалӣ сохтани лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар қаламрави кишвари мо ба рушди иқтисодии на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми кишварҳои минтақа мусоидат хоҳад намуд. Дар ин замина аҳамияти сохтмони хатҳои интиқоли нерўи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон таъкид шуд. Ҳангоми муҳокимаи мавзўи Афғонистон, ҷонибҳо ба кўшишҳои ҳар ду кишвар дар чаҳорчўбаи босубот намудани вазъият дар Афғонистон баҳои мусбат доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






