МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО БИРАМА БОУБАКАР СИДИБЕ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Исломии Рушд Бирама Боубакар Сидиберо ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии минтақавӣ баррасӣ шуд. Бирама Боубакар Сидибе Тоҷикистонро яке аз аъзои бисёр муҳим, фаъол ва ташаббускори Бонки Исломии Рушд номида, изҳор дошт, ки ӯ ба ин ҷо барои муҳокима ва дарёфти роҳҳои рушди ҳамкории минбаъда ва кӯмакрасонӣ баҳри коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ омадааст. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки аз замони узвияти Тоҷикистон дар Бонки Исломии Рушд, яъне аз соли 1997 ба ин сӯ дар ин ҷо 19 созишномаи қарзӣ ва 11 лоиҳаи грантӣ бо дастгирии молиявии ин бонк амалӣ шудаанд. Айни ҳол дар Тоҷикистон аз ҷониби Бонки Исломии Рушд 8 лоиҳаи инвеститсионӣ сармоягузорӣ карда мешавад, ки маблағи умумии онҳо 91,5 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Зикр гардид, ки мутобиқи Барномаи сесолаи ҳамкорӣ бо Бонки Исломии Рушд то соли 2011 дар Тоҷикистон 7 созишномаи қарзӣ бо маблағи 80 миллион доллари амрикоӣ ва 5 лоиҳаи грантӣ ба маблағи 1,3 миллион доллари амрикоӣ амалӣ хоҳанд шуд. Таъкид гардид, ки дар ҷараёни ҳамин сафар Бирама Боубакар Сидибе ду созишномаи қарзии Бонки Исломии Рушдро бо сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ба имзо мерасонад, ки мутобиқи онҳо 20 миллион доллари амрикоӣ барои сохтмон ва навсозии роҳи мошингарди Кӯлоб — Қалъаи Хумб ва 10 миллион доллари амрикоӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои хурди рушди деҳот ҷудо карда хоҳад шуд. Бирама Боубакар Сидибе ҳамчунин иттилоъ дод, ки барои муайяну мушаххас намудани роҳҳои густариши ҳамкории минбаъда ва ҳаҷми кӯмакҳои ояндаи молиявӣ ба Тоҷикистон ба наздикӣ ба шаҳри Душанбе гурӯҳи кории Бонки Исломии Рушд ташриф хоҳад овард. Дар Тоҷикистон таъсис додани як бонк, ки бо усулҳои исломии бонкдорӣ фаъолият дошта бошад, зарур шумурда шуд. Зимни мулоқот оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Бонки Исломии Рушд дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва ҳамчунин атрофи татбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷми дорои аҳамияти минтақавӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






