МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ГЛОРИЯ АРОЙЙО

Июль 15, 2009 17:13

                Дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои аъзо ва нозири Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Филиппин хонум Глория Макапагал Ароййо мулоқот намуд.                Дар вохӯрӣ масоили ташкил ва густариши ҳамкории судманд миёни ду кишвар баррасӣ шуд.                Таъмини раванди муколамаи муназзами сиёсӣ ва густариши робитаҳои муфид дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, фарҳанг ва ғайра ба нафъи ҳарду кишвар арзёбӣ гардида, эҷоди заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ зарур шумурда шуд.                Сарони ду давлат ба мувофиқа расиданд, ки баҳри омода кардани санадҳои ҳуқуқию қарордодии ҳамкории дуҷониба ва барои дар сатҳи олӣ ба имзо расондани онҳо бо шумули вазирони корҳои хориҷӣ ва роҳбарияти дигар вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи муштараки корӣ таъсис дода шавад.

Июль 15, 2009 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд