МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

Июль 31, 2009 10:27

                      Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова, Пайрав Назаров). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бегоҳии дирӯз бо Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев мулоқот кард, ки барои боздиди корӣ ба Душанбе омадааст.                 Сарони ҳар ду давлат маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории мамлакатҳояшонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Онҳо аз анҷоми сохтмони НБО «Сангтӯда — 1» ва кушодани филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар Душанбе изҳори қаноатмандӣ намуданд. Зикр шуд, ки соли оянда дар Душанбе филиалҳои Донишкадаи энергетикии Маскав ва Донишкадаи пӯлод ва махлутҳои фулузоти Маскав кушода хоҳанд шуд.                  Сарони ҳар ду давлат дар бораи нақшаҳои дурнамои ҳамкорӣ ва муносибатҳои мамлакатҳояшон сухан ронда, зикр карданд, ки ҳамкориро дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати нафту газ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва бартараф сохтани оқибати бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ давом хоҳанд дод.                  Ҳамчунин масъалаҳои таъмини амнияти минтақа, мубориза ба муқобили маводи нашъадор ва зуҳуроти дигари номатлуби замони ҳозира мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Президенти Тоҷикистон зикр кард, ки ташрифи Д.Медведев ба анҷоми сохтмони НБО «Сангтӯда — 1» рост омад ва ин дар муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия воқеаи муҳим мебошад.                  Ба истифода додани ин нерӯгоҳ на танҳо таъминоти Тоҷикистонро бо қувваи барқ беҳтар хоҳад кард, балки натиҷаи амалии ҳамкорӣ ва муносибатҳои стратегии мо мебошад, гуфт Э.Раҳмон.                 Д.Медведев зикр намуд, ки сохтмони НБО «Сангтӯда — 1» ҳақиқатан сохтмони хеле бузург ва муҳим буда, мамлакатҳо ва халқҳои моро бештар муттаҳид месозад ва бешубҳа ба манфиати ҳар ду кишвар истифода карда хоҳад шуд.                 Президенти Русия дар бораи муносибатҳои Тоҷикистону мамлакаташ сухан ронда, изҳор намуд, ки ин муносибатҳо дар оянда боз ҳам бештар ривоҷ дода мешаванд. Ин шаҳодат медиҳад, ки муносибатҳои мо хусусияти стратегӣ дошта, ҷавобгӯӣ манфиатҳои ҳар ду кишвар мебошанд. Моро дар оянда барномаҳои дигар интизоранд ва мо барои иҷрои онҳо якҷоя кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, гуфт Д.Медведев.                Дар фарҷоми мулоқот созишномаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия дар бораи истифодаи якҷояи нерӯгоҳи мазкур имзо карда шуд.                Сафари кории Д.Медведев дар Тоҷикистон давом дорад.

Июль 31, 2009 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд