МУЛОҚОТИ КОРМАНДОНИ АГЕНТИИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ҶТ
Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 7 июли соли ҷорӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташабусси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти устодону донишҷуёни ҳамин донишгоҳ бо кормандони Агентӣ дар мавзӯи «Қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» ва пешгирии коррупсия ва омилҳои бартарафсозии он баргузор гардид. Дар аввал маъмурияти донишгоҳ оид ба ташкил ва гузаронидани тартиби имтиҳоноти қабул баромад намуда, вобаста ба тарзи шаффоф гузаронидани ин чорабинӣ, ки дар оянда ба тарбияи мутахассисони соҳибтаҷриба мусоидат мекунад, сухарониӣ намуд. Сипас, сардори шӯъбаи пешгирии коррупсияи Агенти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Алии Иброҳим қайд кард, ки корррупсия зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ буда, дар қатори дигар раванди хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, сади роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки мубориза бар зидди коррупсияи вазифаи натанҳо Агентии мазкураст. Аҳли ҷомеа низ бояд пеш аз ҳама аз ин мубориза дар канор бошад. Дар мубориза бо коррупсия бояд пеш аз ҳама бо рафъи сабабу омилҳо ва шароити пайдоиш ва густариши он таваҷҷуҳ карда шавад. Зимни суханронии худ намояндаи Агентии мазкур иброз дошт, ки коррупсия яъне фасод дар фаъолияти тамоми вазоратҳо ва ташкилоту идораҳо ба назар мерасад, мутаассифона аз ин омили номатлуб Вазорати маориф низ дар канор нест. Дар фаъолияти базе донишгоҳҳои олӣ низ истифода намудани аз мансаб ва аз худкунии маблағҳои буҷети ба назар мерасанд. Инчунин номбурда зикр кард, ки дар ҳолати ҷинояти коррупсиониро мушоҳида намудан бо методи ҷазо ба мақсад расидан ғайриимкон аст. Пеш аз ҳама бояд сабаб ва омилҳои ба ин ҷиноят даст задани шахсро муайян намуда, барои камбудиҳо чораҳои пешгирӣ андешидан лозим аст.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






