МУЛОҚОТИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН ВА ПОКИСТОН

Июль 30, 2009 11:55

                 Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров, Фарангис Раҳимова). — Дар саробӯстони берунишаҳрии ҳукуматии «Варзоб» мулоқоти сеҷонибаи президентҳои Афғонистон Ҳамид Карзай, Покистон Осаф Алии Зардорӣ ва Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.                Мусоҳибон масъалаҳои таъмини амнияти минтақа ва амалӣ сохтани барномаи минтақавии кашидани хатҳои интиқоли барқро мавриди баррасӣ қарор доданд. Тибқи барномаи мазкур аз Қирғизистон ва Тоҷикистон то Афғонистону Покистон хатҳои баландшиддати интиқоли барқ кашида хоҳанд шуд. Ҳамчунин ба масъалаҳои марбут ба интихоботи қарибулвуқӯи Президенти Афғонистон дахл карда шуд.                 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат зикр намуд, ки мулоқоти мазкур аҳамияти махсус дошта, ба равнақу ривоҷи минбаъдаи муносибатҳо ва ҳамкории Афғонистону Покистон ва Тоҷикистон кӯмаки калон мерасонад.                Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки айни ҳол гуфтушуниди ҳайатҳои ҳар се мамлакат анҷом ёфт. Баъди анҷоми он президентҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон изҳороти муштарак имзо намуданд. Баъди имзои изҳороти муштарак барои намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ нишасти матбуотӣ ташкил карда хоҳад шуд.                                                                  Тарҷумон — Қудратов А. 

Июль 30, 2009 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд