МУЛОҚОТИ СЕҶОНИБА ДАР ВАРЗОБ

Июль 30, 2009 13:38

                   Дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар дараи хушманзараи Варзоб мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон — Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ баргузор гашт.                   Сарони се давлат, ки дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи Созмони Конфронси Исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамкории густурда доранд, имрӯз бори нахуст мулоқоти муштараки сеҷониба доир намуданд. Дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор гаштани ин мулоқотро коршиносони сиёсӣ нишона аз сиёсати сулҳоварии Президенти мамлакати мо Эмомалӣ Раҳмон ва ҳавасмандию омодагии устувори ӯ баҳри густариши ҳамкории судманд ба манфиати мардумони ҳамаи кишварҳои минтақа маънидод мекунанд.                   Бо истифода аз ин имкони мусоид сарони се давлат — Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ оид ба роҳҳои таҳким ва густариши ҳамкории сеҷониба гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.                   Мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии ҳамдигар ва ба ин васила боис шудан ба таҳкиму устувории амнияту субот дар минтақа аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.                   Бо ҳамдастӣ боло бурдани қобилияти истеҳсолӣ, содиротӣ ва транзитии се кишвар аз тариқи бунёди нерӯгоҳҳои обӣ, хатҳои минтақавии интиқоли нерӯи барқ, пайвастани роҳҳои оҳану мошингарди Тоҷикистону Покистон тавассути қаламрави Афғонистон ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ аз самтҳои асосии ҳамкории иқтисодӣ маънидод гардид.                    Баъди анҷоми мулоқоту гуфтушунидҳо, ки нахуст дар шакли хосса ва сипас бо иштироки ҳайатҳои се кишвар сурат гирифтанд, сарони се давлат зери баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷум?урии Исломии Афғонистон ва Ҷум?урии Исломии Покистон имзо гузоштанд, ки дар он роҳу василаҳои таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкории сеҷониба инъикос ёфтаанд.                  Сипас сарони се давлат — Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаи мулоқотҳои имрӯза изҳори қаноатмандӣ карданд ва зарурати идома додани чунин мулоқоту сӯҳбатҳоро ба хотири густариши ҳамкории минбаъда таъкид намуданд.                 Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июль 30, 2009 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд